Душанбе. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ»-ро пазируфтанд.

Зимни суханронӣ дар назди намояндагони мардумӣ раиси Кумитаи дини назди ҳукумати кишвар Абдураҳим Холиқов иброз дошт, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйирот ба қонуни мазкур танзими ҷараёни ба таҳсилоти динӣ фаро гирифта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар буда, мутобиқи тағйироти пешниҳодшуда, аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон ба гирифтани маълумоти динӣ дар хориҷи кишвар танҳо баъд аз гирифтани маълумоти ибтидоӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва мувофиқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва Кумитаи дин ҳуқуқ доранд.

Намояндаи мардумӣ Давлаталӣ Давлатзода дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аслан пайравони равияи суннианд, вале чанде аз шаҳрвандон зимни таҳсил дар хориҷи ҷумҳурӣ мутобиқи равияҳои дигар таълим дода мешаванд, ки ин метавонад ба низоъу мухолифат дар шарҳи баъзе рукнҳои ислом оварда расонад. «Акнун давлат дар куҷо ва чӣ гуна маълумоти динӣ  гирифтани шаҳрванди Тоҷикистонро танзим хоҳад кард, ки он ба рафъи мухолифат миёни рӯҳониён ва умуман ҷомеа мусоидат менамояд», - гуфт ӯ.

Зимни посух ба суоли раиси палатаи поёнии парлумон дар хусуси шумораи муассисаҳои таълимии динӣ дар кишвар ва имкони дубора ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯёни ба ватан баргашта, Холиқов таъкид сохт, ки айни замон имконоти Тоҷикистон дар ин самт кофӣ аст. «Феълан дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ҳудуди 1,5 ҳазор нафар донишҷӯён ва дар 19 мадрасаву як гимназияи динӣ ва ду мактаби равияи диниву дунявӣ ҳудуди 6 ҳазор толибилмон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд», - афзуд раиси Кумитаи дини ҷумҳурӣ.

Намояндагони палатаи поёнии парлумон бидуни баррасӣ тағйирот ба қонуни мазкурро маъқул шумориданд.