Парлумони Тоҷикистон тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо коррупсия»-ро маъқул шуморид. Мутобиқи ин тағйирот, аз ин ба баъд ба мансабдорони воломақомои давлатӣ ба кор гирифтани домоду келинҳои худ манъ карда мешавад.

Акнун онҳо низ хешовандони наздики мансабдори воломақоми давлатӣ шуморида мешаванд. Қаблан ҳамсарон, волидайн, кӯдакон ва қудоҳои мансабдорон хешованди наздики мансабдор маҳсуб меёфтанд.

Тағйироти мазкур бо ташаббуси намояндагони мардумӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва муовини раиси парлумон Назира Ғаффорова ва Баракатулло Атохоҷа (собиқ раиси шаҳри Душанбе) ва ҳамчунин собиқ додситони шаҳри Қӯрғонтеппа Саодат Амиршоева мавриди баррасӣ қарор гирифта, маъқул шуморида шуданд.

Ғайр аз ин, С. Амиршоева зикр кард, ки ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо коррупсия», ки соли 2007 қабул шудааст, боз як моддаи нав илова гардид, ки он усулҳои ҳамкориҳои байнулмилалии Тоҷикистон дар бахши мубориза бо коррупсияро муайян мекунад.

Бинобар дар сафари хидматӣ будани раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Талбак Салимов, лоиҳаи қонун «Дар бораи ташхиси экологӣ» баррасӣ нашуд.

Ҳамчунин қарор шуд, ки рӯзи 25-уми октябр дар шаҳри Душанбе намояндагони парлумон бо ҷараёни иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии кишвар барои соли 2011» дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ шинос хоҳанд шуд.