Лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии ҶТ барои соли 2012» дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи равон доир мегардад, мавриди баррасӣ қарор мегирад. Имрӯз дар ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ таҳти раёсати раиси МН МО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров чунин қарор қабул гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуот палати поёнии парлумони кишвар хабар доданд, дар Шӯро лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2014, лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» -ро муҳокима карданд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи масъалаҳои ба рӯзномаи Шӯро воридгардида раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов, Сафаралӣ Раҷабов, вакили Маҷлиси намояндагон Маҳмадамин Ҳисориев ва дигар аъзои Шӯро суханронӣ намуда, барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани сифат ва мазмуни лоиҳаҳои қонун ва қарорҳои мазкур фикру пешниҳодҳои ҷолиб ироа доштанд.