Ахири ҳафтаи гузашта Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко мулоқот анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи палати поёнии парлмони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар мулоқот масъалаҳои таҳкими муносибот байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, саноат, сохтмон, фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Белорус ба кишвари моро омили асосӣ ва тақвиятбахши ҳамкориҳои Душанбе ва Минск дар ҳамаи арсаҳо маънидод кард. Имсол, гуфт Шукурҷон Зуҳуров аз замони барқарори муносиботи дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус 15 сол сипарӣ шуд ва аз он замон то имрӯз байни кишварҳои мо як муносибати хеле дӯстона ва самимӣ ҷараён дорад, ки ин равобит самараи худро тайи ин солҳо аллакай додааст.

Бинобар гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров, парлумонҳои ду кишвар дар таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ нақши калидӣ мебозанд, аз ин рӯ тақвият бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва парлумони Белорус шароити боз ҳам муносибтареро дар раванди тақвияти ин муносибот фароҳам хоҳад овард. Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Белорус дар чаҳорчӯбаи муносиботи суннатии сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ – техникӣ асос ёфта, дар сояҳои дӯстӣ раванди рӯ ба инкишофро касб кардааст. Ин равобит дар рӯҳияи боварии байниҳамдигарӣ чӣ дар сатҳи дуҷониба ва чӣ дар сатҳи бисёрҷониба сурат мегирад, ки барои ҳарду тараф манфиатбахш мебошад.

Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Белорус дар сатҳи лозим ва дар бахшҳои гуногун дар асоси тааҳудоти созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЕврАзЭС, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба роҳ монда шудааст ва ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи муносиботи хуб ва дӯстонаи Сарони ду кишвар дар шахси Эмомалӣ Раҳмон ва Шумо, мӯҳтарам Александр Лукашенко мебошад. Мавқеи кишварҳои мо дар бештари масъалаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон, мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар падидаҳои номатлуби ҷаҳонӣ ва минтақавӣ муштарак мебошад, - гуфт

Шукурҷон Зуҳуров. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкориҳои байнипарламентии Тоҷикистону Белорус изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки муносиботи ду кишвар дар ин замина дар ҳоли густариш қарор дорад ва мо бояд аз фурсатҳои бисёр хубе, ки байни кишварҳоямон фароҳам аст, барои тақвияти ин равобит талоши бештар намоем. Албатта қадамҳои асосӣ ва ҷиддӣ дар ин замина байни парлумонҳои Тоҷикистону Белорус бардошта шудаанд ва ин қадамҳоро таъсиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ, ки байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Белорус фаъолият дорад, тақвият мебахшад. Мавриди истифода қарор гирифтани таҷрибаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Белорус дар бахши таҳия ва қабули қонун ва дигар санадҳои аҳамияти байналмилалидошта аз тарафи аъзои парлумонҳои ҳарду кишвар барои қабули қонуну санадҳои аз лиҳози сифат ва мӯҳтаво олӣ мусоидат хоҳад кард, аз ин рӯ ба роҳ мондани сафар ва боздидҳои ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистону Белорус аз мамлакатҳои якдигар барои амалӣ шудани ин ҳадаф кӯмак хоҳад кард. Ин таҷриба байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Белорус ҳанӯз аз даъватҳои қаблии Маҷлиси намояндагон оғоз шуда буд, аммо имрӯз замони густариш додани ин раванд фаро расидааст ва мо бояд аз ин имконоти дар ихтиёрдоштаамон ба таври кофӣ истифода намоем.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои Душанбе ва Минск дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат ва санот ишора карда, изҳор дошт, ки аз соли барқарории муносиботи дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус то имрӯз байни ҳарду кишвар 55 санад ва созишномаҳои қарордодӣ ба имзо расидааст, ки ҳар кадоми ин ҳуҷҷатҳо барои тақвияти равобити иқтисодиву тиҷоратӣ ва дигар соҳаҳо нақши муҳим мебозанд. Муносиботи тиҷории кишварҳои мо низ дар ҳоли инкишоф қарор дорад. Афзоиши ҳаҷми табодули тиҷорӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба солҳои қабл далели ин гуфтаҳо мебошад.

Шукурҷон Зуҳуров бо таваҷҷӯҳ ба таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар бахшҳои илму техника таъкид намуд, ки мутахассисони соҳаи техника ва технологияи белорусӣ бо ворид кардани навовариҳо дар ин соҳа дар ҷомеи ҷаҳонӣ мақоми вижаеро касб кардаанд, бахусус техникаҳои вазнини белорусӣ, ки барои кор дар иншооти бузург ва стратегӣ мавриди истифода қарор мегиранд, дар ҷаҳон муштариёни зиёд доранд ва бо таваҷҷӯҳ ба он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншоотҳои гуногуни хурду бузург бомаром идома доранд, истифодаи чунин техникаҳо дар ин гуна пружаҳо барои анҷоми ҳарчи зудтари корҳо дар ин иншоот ба нафъи кишвари мо хоҳад буд.

Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко натоиҷи сафари расмии худ ба Тоҷикистонро самрабахш арзёбӣ намуда, таъмини чунин фазои ҳамкорӣ байни ду кишварро самараи заҳматҳои намояндагони парлумонҳои Тоҷикистону Белорус маънидод кард. Александр Лукашенко зимни қобили қабул донистани пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъкид кард, ки сафарҳои роҳбарон ва намояндагони парлумонҳои Душанбе ва Минск ба кишварҳои якдигар бояд ҳарчи бештар ва зиёдтар ташкил ва ба роҳ монда шаванд, то ки аъзои парлумонҳои мо аз ҷараёни кор, тартиби таҳия, баррасӣ ва қабули қонуну санадҳои мухталиф тавассути ҳамкасбони худ аз наздик ошноӣ пайдо кунанд.

Мавсуф таъмини сулҳу субот дар кишвари моро дастоварди ниҳоят нодир дар таърихи башарият дониста, таъкид кард, ки ба даст омадани истиқлолияти комил барои миллати тоҷик, сарфи назар аз он, ки осон муяссар шуд, аммо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба мушкилӣ ва даргириҳои дохилӣ рӯ ба рӯ гардид. Ҷониби Белорус бо қаноатмандӣ иброз медорад, ки тоҷикон миллати соҳиби ақлу заковати боло доштани худро бори дигар ба ҷаҳониён исбот карда, имрӯз ба сулҳ ва истиқлолияти комил расиданд. Сарнавишти миллати тоҷик барои кишварҳои дигари пасошӯравӣ, аз ҷумла барои Белорус намунаи ибрат аст ва дастоварди сулҳи ин миллат низ барои ҷаҳониён омӯзанда мебошад.

 Президенти Белоруссия изҳор дошт, ки роҳбарияти давлату ҳукумати кишвараш ба Тоҷикистон ва миллати тоҷик таваҷҷӯҳи махсус дорад ва ҳамеша омода аст, ки дар ҳамаи шароит дар паҳлӯи бародарони тоҷики хеш қарор дошта, барои рушд ва густариши тамоми соҳаҳои ин кишвари дӯст мусоидат намояд.

«Тоҷикон миллати меҳнатдӯст ва меҳннавоз ҳастанд ва таърих шоҳид аст, ки ин миллат ҳамеша бо меҳнати ҳалол рӯзии аҳлу аёли худро фароҳам меорад», - гуфт Александр Лукашенко ва илова намуд, ки имрӯз низ ин миллат барои фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии хеш тамоми талош ва тавони худро истифода менамояд. Миллатҳои тоҷику белорусӣ пайванди ногусастанӣ доранд ва ин пайванд ҳанӯз аз замони Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба вуҷуд омада, имрӯз бошад он боз ҳам мустаҳкамтар шудааст. Намояндагони миллатҳои мо дар замони шӯравии собиқ паҳлӯи ҳам қарор гирифта, барои рушду равнақи ин иттиҳод, ки кишварҳои мо низ шомили он буданд, софдилона заҳмат кашидаанд ва дӯстиву бародарӣ байни мо аз солҳои қабл ба вуҷуд омадааст, ки ҳеҷ нерӯе онро халалдор карда наметавонад.

Александр Лукашенко аз дастгириҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвараш дар созмонҳои байналмилалӣ ибрози қадрдонӣ карда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Белорус дар ҳалли тамоми мушкилоти байналмилалӣ мавқеи ягона дошта, ҳамеша аз сиёсатҳои хориҷии якдигар пуштибонӣ менамоянд. Дар заминаи ҳамкориҳои соҳаи кишоварзӣ бошад, Минск омода аст, дар заминаи интиқоли техникаҳои кишоварзии сохти белорусӣ ба Душанбе мусоидат намояд.

Президенти Ҷумҳурии Белорус бо ишора ба мулоқоташ бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи гузашта сурат гирифта буд, натоиҷи ин мулоқотро ниҳоят пурсамар арзёбӣ карда, бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарики муҳими худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ эълон кард.

Александр Лукашенко дар интиҳои мулоқот аз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров даъват кард, ки дар баҳори соли оянда бо сафари расмӣ аз Ҷумҳурии Белорус боздид намояд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.