Бо қарори раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум рӯзи 14-уми сентябри соли равон баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумони кишвар Шавкат Саидов хабар дод, дар иҷлосия лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав баррасӣ мешавад. Ҳамчунин баррасии қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда низ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон, санаи 5-уми сентябр дар шаҳри Душанбе иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъват мегардад, ки дар он амояндагони мардумӣ низ лоиҳаи Кодекси нави андози Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.