Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров муовини Раиси Жогорку Кенешаи Ҷумҳурии Қирғизистон Талант Мамитов ва роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони ин кишвар бо Маҷлиси намояндагон Назаралӣ Ариповро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров изҳор кард, ки дар Тоҷикистон ба нақши парлумони Қирғизистон дар демократикунонии ҷомеа баҳои баланд медиҳанд.

Ш.Зуҳуров аз ҳамтоҳои қиргизи худ даъват ба амал овард, ки дар амалисозии беш аз 50 санади байниҳукуматӣ ва байнидавлатии ҳамкориҳои дуҷониба бештар саҳм гузоранд.

Роҳбари ҳайати Қирғизистон Назаралӣ Арипов ба раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ба бештар тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти қонунигардони тиҷорати наздимарзӣ миёни кишварҳо мусоидат намояд.

«Н.Арипов бар ин назар аст, ки миёни Қирғизистгону Тоҷикистон мушкилоти ҷиддие вуҷуд надорад, - гуфт манбаъ. – Ӯ афзуд, ки амалисозии лоиҳаҳо оид ба тиҷорати наздимарзӣ миёни кишварҳо ба таври назаррас масоили интиқоли молу маҳсулот, хизматгузориҳо ва равуои мардумро осонтар мекунад».