Зимни суханронӣ дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Бахтиёр Худоёров изҳор намуд, ки нотариусхои Тоҷикистон уҳдадоранд, ки ба сохторҳои давлатӣ дар бораи барасмиятдарории муомилот бо амволи манқулу ғайриманқул ба маблағи беш аз 500 ҳазор сомонӣ ё эквиваленти асъории он хабар диҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи тағйироти воридшуда ба қонун «Дар бораи нотариати давлатӣ», нотариусҳо муваззаф мешаванд, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи муомилоти шубҳаовар маълумот пешниҳод кунанд.

Қобили зикр аст, ки дар иҷлосияи имрӯза ба масъалаи тақвияти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бештар таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки дар Тоҷикистон барои пурзӯр кардани мубориза бо пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризм комиссияи дахлдори мунтазам амалкунанда таъсис дода шавад. Вазифаи асосии комиссия ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор дар самти мубориза бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хоҳад шуд.