Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров масъалаҳои тасдиқи Созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистону Фонди саъудӣ оид ба рушд тибқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани макотиби таҳсилоти умумӣ» ва Созишномаи бурсӣ миёни Тоҷикистону Ассостсиатсияи байнулмилалии рушд аз рӯи лоиҳаи «Беҳбуди хизматгузориҳои тиббӣ» баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин масоили ворид намудани тағйироту илова ба Кодексҳои ҷиноиву андози ҷумҳурӣ, Қонунҳои ҶТ «Дар бораи милитсия», «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013» низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Тамоми масъалаҳои дар ҷаласаи Шӯро баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум, ки рӯзи 27-уми ноябри соли равон баргузор мешавад, дохил карда шуданд», - гуфт М.Султонов.