Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сарвазир ва аъзои нави ҳукумати ба кормандони ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон муаррифӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози ҷамъомад Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Оқил Оқилов барои хизматҳои бисёрсолаи арзандаи таҳсин дар вазифаҳои гуногун, хусусан дар мақоми сарвазири кишвар, арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Суханҳои неку қадрдонӣ, ҳамчунин нисбати муовини якуми собиқи сарвазир Матлубхон Давлатов ва муовини собиқи сарвазир Руқия Қурбонова баён карда шуд.

Президенти кишвар сарвазири ба тозагӣ таъиншудаи ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, муовини якуми нави сарвазир Давлаталӣ Саидов, муовини нави сарвазир Марҳабо Ҷабборова, муовини нави сарвазир Азим Иброҳим, муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонов, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобоев ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Мағфират Хидироваро ба аҳли толор муаррифӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки онҳо бо азму иродаи қавӣ, завқи баланд ва заҳмати софдилонаю содиқона тамоми донишу малака ва нерӯву тавонмандии худро ба таъмини рушду тараққиёти бемайлони Тоҷикистони азиз равона месозанд.

Иттилоъ дода шуд, ки нахустин маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон бо ҳайати нави он рӯзи 30-юми ноябри соли равон баргузор хоҳад шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар охири ҷамъомад бо истифода аз фурсати муносиб дар назди ҳозирин доир ба анҷоми босифати омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла ба кор даровардани маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва иншооти мавҷудаи барқу гармидиҳӣ, ба поён расондани кишти тирамоҳӣ ва иҷрои нақшаю барномаҳои дигари давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.