Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон масъалаи пеш аз муҳлат қатъ сохтани ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон Марҳабо Ҷабборова ва Махфират Хидирова, ҳамчунин хориҷ кардани онҳо аз ҳайати Кумитаҳои МНМО ҶТ баррасӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта бо фармони президенти ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборова муовини нахуствазир ва Махфират Хидирова раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ таъин карда шуда, мутобиқи қонунгузорӣ акнун онҳо бояд ваколатҳои намояндаи мардумӣ дар МНМО ҶТ-ро супоранд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ бояд дар муддати се моҳ ба ҷойи вакилони хориҷшуда интихоботи миёндаврӣ доир намояд.

Ғайр аз ин, имрӯз вакилони парлумон ҳамчунин пешниҳоди сарвари давлат дар бораи ивази яке аз сараудиторони Палатаи ҳисоби ҷумҳуриро низ баррасӣ мекунанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба палатаи поёнии парлумон ҷиҳати аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Тоҷикистон озод кардани Зикрихудо Самадов пешниҳод ирсол намуд. Самадов бинобар сабаби қаблан аз ҷониби президент ба вазифаи раиси ноҳияи Ишкошими ВМКБ таъин шуданаш, аз ин вазифа сабукдӯш мегардад.

Президент ҳамчунин ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ номзадии Акрамхон Кӯчакшоевро, ки қаблан ба ҳайси раиси ноҳияи Ишкошими ВАМКБ ифои вазифа мекард, ба вазифаи сарудитори Палатаи ҳисоби ҶТ пешниҳод кард.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 22 нафарашон аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ дар ҳавзаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ ва 41 нафарашон аз ҳавзаҳои якмандатии минтақаҳои кишвар интихоб мешаванд.

Дар интихоботи парлумонии соли 2010 дар Тоҷикистон аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ дар ҳавзаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ 16 аъзои ҲХДТ, 2 аъзои Ҳизби коммунист, 2 аъзои ҲНИТ, 1 аъзои Ҳизби аграрӣ ва 1 аъзои Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ба ҳайати вакилони Маҷлиси нмяондагони Маҷлиси Олии ҶТ шомил гардиданд.

Қобили зикр аст, ки айни замон 45 нафар вакилони МНМО ҶТ аъзои ҲХДТ буда, Ҳизби коммунист, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 2-тогӣ намоянда доранд. Даҳ нафар ваиклони МНМО ҶТ ғайриҳизбианд.