Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжунро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти сарвари давлат Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, энергетика, савдо, коммуникатсия ва сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.

«Қоҳир Расулзода ба сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳо баҳои баланд дода, изҳори итминон кард, ки робитаҳои байнидавлатию байниҳукуматии дуҷониба минбаъд низ ба нафъи давлатҳо дар ҳоли густариш қарор хоҳанд дошт», - зикр кард Муҳиддинов.

Ба қавли ӯ, дар ҷараёни вохурӣ ҳамчунин атрофи масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳои бузургмиқёс дар бахши сохтмони хатти интиқоли барқ, лӯлаҳои интиқоли нафту газ, иштирок дар бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, роҳҳои оҳану мошингард ва беҳбуд бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ табодули назар сурат гирифт.