Рӯзи 24-уми январ миёни Тоҷикистону Русия маросими табодули асноди тасдиқи Созишномаҳо дар бораи тамдиди муддати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, шароити будубоши муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ва содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон сурат мегирад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, маросими табодул дар доираи оғози кори ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар Душанбе доир мегардад.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа нахутсваир Қоҳир Расулзода ва ҳайати Русияро муовини аввали нахуствазири ҳукумати Русия Игор Шувалов роҳбарӣ мекунанд.

 «Рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта, 24-уми январ Игор Шуваловро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки масоили марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, саноат, бахши кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, илм ва техника дар маркази таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия қарор хоҳад дошт.

«Ба масъалаи пардохт нашудани қарзҳо ба ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад», - афзуд сарчашмаи хабар.