Вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби президент ба қонун «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»-ро якдилона ва бидуни баррасӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини аввали раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Ҷамшеди Юсуфиён изҳор кард, ки тағийроти пешниҳодшуда бо назардошти тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба пулшӯӣ ё FATF (Financial Action Task Force on Money Laundering) таҳия шудаанд.

«Мутобиқи тағйирот, аудиторон ба додани маълумот дар бораи муомилоти шубҳаноки дар ҷараёни санҷиши ҳама гуна корхона ё ташкилот, сарфи назар аз шакли моликияташон ошкоршуда ба мақомоти машғул бо мубориза зидди амалҳои пулшӯйӣ, ки аз роҳи ҷиняткорӣ ба даст овардаанд, уҳдадор мебошанд», - иброз дошт зимни суханронӣ муовини раиси Кумитаи иқтисод ва молияи МНМО ҶТ Сафаралӣ Гулов.