Субҳи имрӯз нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи 69-уми Маҷмааи умумии Созмони миллали Муттаҳид ба шаҳри Ню Йорк сафар кард.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин сафар суханронии Қоҳир Расулзода дар яке аз ҷаласаҳои иҷлосияи 69-уми Маҷмааи умумии СММ дар назар аст.

«Ғайр аз ин, нахуствазири Тоҷикистон бо як зумра роҳбарони воҳидҳои сохтории СММ ва сарварони ҳайатҳои кишварҳои хориҷӣ низ дидору гуфтушунид мекунад», - гуфт ӯ.

Маҷмааи умумии СММ мақоми асосии машваратии созмон буда, ба ҳайати он намояндагони ҳамаи кишварҳои узв шомиланд ва ҳар кадоме аз онҳо як овоз доранд. Барои қабули қарорҳо оид ба масоили муҳим, аз қабили таъмини сулҳу амният ё пазируфтани аъзои нав аз се ду ҳиссаи овозҳо зарур аст.

Қарорҳо дар мавриди масъалаҳои дигар бо аксарияти оддии овозҳо қабул мешаванд. Соли 1946 ҳайати Маҷмааи умумии СММ аз 51 давлат ва айни замон аз 193 кишвари узв иборат аст.