Президент аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар байни кӯдакони то панҷсола аз панҷ як нафар қадпастӣ, аз чор як нафар камхунӣ ва аз даҳ як кӯдак камвазнӣ дорад.

Зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил Сарвари давлат иттилоъ дод, ки дар ҷумҳурӣ дар як сол 1300-1400 нафар кӯдакони маъюб ба қайд гирифта мешаванд, ки 55-60 фоизи онҳо дар натиҷаи никоҳи хешутабории наздик ба дунё омадаанд.

Дар раванди пешгирӣ кардани пайомадҳои нохуши никоҳи хешутабории наздик, таваллуди кӯдакони маъюб ва паст намудани беморшавӣ ва маъюбӣ дар байни онҳо дар асоси нақшаи тасдиқкардаи Ҳукумати Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ин масъала боз ҳам мукаммал гардонида шуд.

Зикр шуд, ки дар раванди пешгирӣ кардани пайомадҳои нохуши никоҳи хешутабории наздик, таваллуди кӯдакони маъюб ва паст намудани беморшавӣ ва маъюбӣ дар байни онҳо дар асоси нақшаи тасдиқкардаи Ҳукумати Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ин масъала боз ҳам мукаммал гардонида шуд.

“Мақсади асосии муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда - таъмини ҳуқуқи конститутсионии онҳо ба ҳаёт ва саломатӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули оилаи солиму хушбахт ва пешгирӣ кардани таваллуди кӯдакони маъюб мебошад”, - қайд кард Сарвари давлат.

Президент зикр кард, ки маблағгузории нигоҳдории кӯдакони маъюб-бошандагони муассисаҳои будубоши доимии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар як сол зиёда аз 24 миллион сомонӣ буда, барои як нафар кӯдаки маъюб беш аз 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

“Шумораи умумии кӯдакони маъюб ба ҳолати 1 апрели соли 2018-ум 26 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 2 ҳазор нафарашон айни замон дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигоҳубин карда мешаванд, - гуфт ӯ. - Нафақаи маъюбӣ (иҷтимоӣ) барои кӯдакони маъюб ба ҳисоби миёна дар як моҳ – 224 сомонӣ (ҳаҷми маблағгузории солона қариб 6 миллион сомонӣ) мебошад”.

Эмомалӣ Рахмон аз он изхор норозигӣ кард, ки бо вуҷуди таваҷҷуҳи зиёди ҳукумат ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то ҳол дар баъзе шаҳру ноҳияҳо аксари кӯдакону наврасоне, ки бо сабаби никоҳи хешутабории наздик ба маъюбӣ гирифтор шудаанд, ҳам аз кумаки аввалияи тиббӣ ва ҳам аз таҳсилот дур мондаанд.

Дар суханронии худ Сарвари давлат ҳамчунин қайд кард, ки имрӯз дар кишвар сатҳи фавти модару кӯдак коҳиш ёфта, аз рӯи маълумоти оморӣ, фавти модарон 24,1 нафар ба 100 000 зиндатаваллуд ва фавти кӯдакони то панҷсола 21 нафар ба 1000 зиндатаваллудро ташкил медиҳад, “вале ҳамин нишондиҳанда низ моро водор месозад, ки ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешем”.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2016 никоҳ байни хешутаборони наздик – фарзандони бародарону хоҳарон ва аммаву амаку тағо ва хола манъ карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.