Ин таъинот баъди аз ҷониби Сарвари давлат мавриди интиқоди шадид қарор гирифтани кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят оид ба таъмини волияти қонун дар қаламрави ВМКБ сурат гирифт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилоят.

Бино ба гуфтаи ӯ, тибқи мувофиқа бо президент Алишер Мирзонаботов, ки пеш ба ҳайси муовини сардори Раёсати КДАМ Тоҷикистон дар ВМКБ ифои вазифа мекард, муовини раиси ВМКБ таъин шуд.

Дар ҳамин ҳол, аз моҳи июни сол ҷорӣ вазифаи муовини аввали раиси ВМКБ холӣ буд. Нуралӣ Риоев, ки дар ин мансаб фаъолият дошт, моҳи июн вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ интихоб шуд.

Имрӯз “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” муовини дигар раиси ВМКБ Абдулназар Абдулназарзода низ аз мансаб барканор шуда, алҳол ба ҷойи ӯ касе таъин нашудааст.

Аз рӯи натиҷаҳои сафар ба ВМКБ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукуматҳои маҳаллиро дар самти таъмини ҳуқуқу тартибот дар вилоят мавриди иниқоди шадид қарор дод.

Сарвари давлат ба роҳбарони вилоят, ВКД ва КДАМ ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини тартибот дар шаҳри Хоруғ як моҳ муҳлат дод.

«Агар се-чор ҷинояткорро дар шаҳр ба тартиб оварда натавонеду дар таъмини тартиботи ҳаракати нақлиёт дар шаҳр душворӣ кашед, ман метавонам, ки аз Қувваҳои мусаллаҳ истифода кунам”, - гуфт президент дар вохӯрӣ бо фаъолони вилоят.

Дар ҳамин ҳол, ӯ ба раҳбарияти ВКД ва КДАМ дастур дод, ки то ба тартибу ифоқа овардани вазъ ва таъмини риояи қонун дар шаҳри Хоруғ ба Душанбе барнагарданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.