Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим охири ҳафтаи сипаришуда ҳамроҳ бо масъулини мақомоти шаҳрдории Душанбе бо ҷараёни корҳои сохтмонии якчанд иншооти саноатӣ, маҷмааи варзишию ҳавзи шиноварӣ ва теннис, ки дар пойтахт бунёд мешаванд, шинос шуд.
Бино ба иттилои “АМИТ “Ховар”, корҳои сохтмону барқароркунӣ ва насбу васлкунии таҷҳизот дар комплекси варзишии теннису шиноварӣ бомаром идома дошта, тибқи нақша, ба истифода додани ин маҷмаа моҳҳои июл-августи соли равон пешбинӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, муовини сарвазир аз ҷараёни корҳо изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар баробари суръат, сифати корҳои сохтмонӣ низ бояд мутобиқ ба меъёрҳои сохтмонӣ бошанд.
Қобили зикр аст, ки нахуст анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар ин маҷмаа моҳи сентябри соли 2019 пешбинӣ гардида буд.
Айни замон корҳои сохтмон дар иншооти мазкур шабонарӯзӣ ҷараён дошта, ҳамзамон дар гирду атрофи маҷмаа корҳои ободу кабудизоркунӣ гузаронида мешаванд.
Маҷмааи бузургмиқёси варзишии теннису шиноварӣ дар майдони 10 гектар назди боғи фарҳангу фароғати ба номи Умари Хайём, байни нишебӣ ва теппаҳои Лучоб ва дарёи Душанбе воқеъ аст.
Фармоишгари сохтмон Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе” ва паймонкор – ҶДММ “Строй Комплекс” мебошад. Дар баробари ҶДММ “Строй Комплекс” ҳамчунин 19 ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ низ ба корҳои сохтмон дар иншоот машғуланд.
Ба корҳои сохтмон сокинони маҳаллӣ низ ҷалб шудаанд: дар сохтмони иншоот то ду ҳазор нафар машғули кор буда, баъди ба истифода додани он, беш аз 600 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва музди меҳнати хуб таъмин карда мешаванд.
Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи ширкатҳои «Ростовгипрошахт»-и Русия бо назардошти шароити маҳал таҳия шудааст.
Дар маҷмаа қасрҳои пӯшида ва нимапӯшида, варзишгоҳ ва майдонҳои гуногуни варзишӣ барои бозии теннис, ҳавзҳои шиноварӣ, қасри варзишӣ барои машғулиятҳо дар рӯи як сохта мешавад.
Маҷмаа аз майдон ва толорҳои гуногуни варзишии аз 150 то 3 ҳазор ҷойи нишаст иборат буда, дар онҳо барои баргузории ҳама гуна навъҳои мусобиқа дар сатҳи байнулмилалӣ шароит фароҳам оварда мешавад.
Дар ин маҷмаа ҳамаи хоҳишмандон - аз кӯдакони синни 7-сола то калонсолон ба варзиш машғул шуда метавонанд. Дар қаламрави маҷмааи варзишӣ ҳамчунин сохтмони таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ барои автомашинаҳо низ пешбинӣ шудааст.
Муовини сарвазири ҷумҳурӣ ҳамчунин бо рафти корҳои сохтмон дар корхонаи оби ошомидании «Сиёма», корхонаи «Авесто-групп» бо ширкати «Артел»-и Ӯзбекистон оид ба истеҳсоли чангкашак ва яхдон, корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия «АКIA-AVESTO» оид ба васлу насб ва истеҳсоли автобусҳои мусофиркаш аз наздик шинос шуда, ҳамчунин аз минтақаи саноатии шаҳри Душанбе боздид намуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста