Рӯзи 30-юми сентябр таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст дар бораи “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода шунида шуд.
Зарурати таҳияи лоиҳаи қарори мазкур афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ мебошад, зеро фарбеҳӣ аз ҷиҳати фавту маъюбӣ дар ҷойи намоён меистад.
“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир кам истеъмол намудани нахҳои ғизоӣ ва зиёд истеъмол кардани хӯрокҳои тезтайёру чарбдор, нӯшокиҳои газноки ширин, қандҳои оддӣ ва намак ба сатҳи инкишофи бемориҳои музмини ғайрисироятӣ мусоидат кардааст”, - омадааст дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки барои омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи “Стратегияи оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024” тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
Сипас аъзои ҳукумати кишвар 16 хулосаи ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла, Дар бораи пешниҳоди хулосаҳои ҳукумати ҶТ ба лоиҳаҳои Қонуни конститутсионии ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Қонуни конститутсионии ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ”, Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи хизмати давлатӣ”, ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи телевизион ва радио” ва ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи ниҳолпарварӣ”-ро муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол карданд.
Дар маҷлис инчунин масъалаҳо дар бораи лоиҳаи Кодексҳои нақлиёти автомобилӣ ва оби ҶТ, Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими ҶТ барои давраи то соли 2030 ва низомномаи минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” баррасӣ шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста