Зимни ироаи паёми ҳамасола ба парлумон рӯзи 26-уми декабр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳукумат бояд дар оянда ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа дода, барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварад.

“Имрӯз дар кишвар 10 ҳазор иншооти варзиш фаъолият дошта, тайи солҳои 2011-2018 қариб 2200 иншооти соҳаи варзиш бунёд ва 1059 иншоот таъмиру таҷдид шудааст”, - иброз дошт президент.

Ба гуфтаи сарвари давлат, дар соли 2019-ум 358 иншооти варзиш, аз ҷумла, зиёда аз 200 иншоот дар пойтахти кишвар сохта шудааст.

“Варзиш ба фаъолияти ҷавонон алоқамандии мустақим дорад. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзиш навъҳои мухталифи варзишро васеъ ҷорӣ карда, ҷиҳати баргузор намудани мусобиқаҳо мунтазам чораҷӯӣ кунад”, - дастур дод Эмомалӣ Раҳмон.

Дар баробари ин раисҷумҳур ба ҳукумати мамлакат, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки дар давоми даҳ соли оянда дар ҳар як деҳа ва маҳалҳои аҳолиашон аз 100 хоҷагӣ зиёд як муассисаи томактабӣ, як толор ва як майдони варзиш бунёд карда, ба оммавӣ шудани варзиш ва солимгардонии аҳолӣ мусоидат намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.