Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 октябр бо мақсади иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба 700-солагии зодрӯзи шоири тоҷик Камоли Хуҷандӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни ин сафар президент дар чорабиниҳои сатҳи байналмиллалӣ ба ифтихори 700-солагии зодрӯзи шоири тоҷику форс Камоли Хуҷандӣ ширкат варзида, бо сокинони вилоят суҳбату мулоқотҳо анҷом медиҳад, як қатор корхонаҳои саноатиро ифтитоҳ бахшида, барои сохтмони иншооти нав санги асос мегузор ва бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ шинос мешавад.

Аз ҷараёни рӯзи аввали сафари президент ба вилояти Суғд суратгузориш таҳия намудем.

Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд истиқбол гирифтанд.

1/17

Нахуст сарвари давлат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази савдою хизматрасонии “Суғдиён”-ро ифтитоҳ намуда, дар ҳамин ҷо бо 150 нафар ятими кул суҳбати озоду самимӣ анҷом дода ва ба онҳо кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои пулӣ тақдим кард.

1/20

“Туҳфаҳои хоксорона, ки ман ба шумо тақдим мекунам, аломати муҳаббату ғамхории сарвари давлат нисбати шумост”, - гуфт ӯ дар мулоқот бо онҳо.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Шарқи шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, Маркази ташхисӣ-табобатии “Шифобахши Аср”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Маркази нави ташхисию табобатӣ дар 3 ошёнаи аввали бинои 9-ошёнаи навбунёди истиқоматӣ ҷойгир буда, аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Насим Мирпочоев таъсис ёфтааст.

1/5

Ҳамчунин дар Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон се хати нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар ҶДММ “Сайҳун”-ро мавриди истифода қарор дод.

1/13

Сипас дар минтақаи саноатии шимолу шарқии Хуҷанд хати нави технологии истеҳсоли 10 намуд кулчақанд дар ҶДММ “Маҳмудов Ғ” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

1/6

Ҳамчунин президент дар ин шаҳр ба фаъолияти  корхонаи нави  истеҳсоли шоколади “Ҳаловат”оғоз бахшид. Корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Юсуфҷон Абдураҳимов бунёд гардида, дар он 40 нафар бо кор таъмин шуданд, ки аксарашонро занону бонувон ташкил медиҳанд.

1/6

Сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи шимоли ҷумҳурӣ идома дорад.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.