Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 март дар Қасри миллат Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон Филиппо Грандиро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои он, аз ҷумла Дафтари Комиссари Олӣ оид ба паноҳандагон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории Тоҷикистон дар чаҳорчуби Конвенсияи СММ оид ба мақоми гурезаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамкории сермаҳсул бо Дафтари Комиссари Олии Созмон оид ба паноҳандагонро намунаи боризи муносибатҳои Тоҷикистон бо ниҳодҳои тахассусии СММ арзёбӣ намуд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба масъалаҳои такмили бештари заминаҳои ҳуқуқии раванди ҳамкорӣ, таъсиси абзорҳои марбутаи ҳуқуқӣ ва мутобиқ гардонидани қонунгузории миллии Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ табодули андеша карданд.

Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ

“Вобаста ба таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, ки боиси буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву башарӣ дар ин кишвар гардиданд, пешниҳод шуд, ки робитаҳои кории судманд ҷиҳати расонидани кӯмакҳои башардӯстонаи мақсаднок ба мардуми Афғонистон идома дода шаванд”, - омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, Филиппо Гранди ҳамчунин бо роҳбари ин ниҳодд Рамазон Раҳимзода низ дидору гуфтушунид кард.

Сурат: vkd.tj

Ҷонибҳо вобаста ба ҳалли мушкилоти гурезаҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, роҳҳои ҳифзи ҳуқуқ ва расонидани кумак ба онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки Тоҷикистон ҳамеша ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, баҳри ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти онҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Филиппо Гранди дар навбати худ изҳор намуд, ки ин аввалин сафари ӯ ба ҳайси Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо ба Тоҷикистон буда, қаблан ба Тоҷикистон дар солҳои 2000-ум ташриф овардаааст ва аз пазироӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик шарафёб гардидааст.

Гуфта мешавад, ӯ иқдомҳои пешгирифтаи ҳукумати Тоҷикистонро дар самти қабулу ҷобаҷокунии гурезаҳо баланд арзёбӣ намуда, омодагии худро дар ҳалли мушкилоти мавҷуда изҳор намуд.

Ҳамчунин Филиппо Гранди аз иқдомҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои бешаҳрвандӣ изҳори хушнудӣ кард.

Ёдрас мекунем, ки Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон Филиппо Гранди пас аз анҷоми боздид аз Афғонистон бо сафари дурӯза дар Тоҷикистон қарор дорад.

Тибқи маълумоти Раёсати СММ, то охири моҳи декабри соли 2021 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 773 нафар гурезаҳо ва шахсони ҷӯяндаи паноҳгоҳ ҳузур доштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.