Қурбон Ҳакимзода раиси вилояти Хатлон ба суоли хабарнигорон вобаста доғи судӣ гирифтани ҷавонон изҳори назар кард ва гуфт, бояд бештар дар самти пешгирии ҷиноят корбарӣ кард.
“Масъалагузории хабарнигорон дуруст аст. Бубинед вақте мутахассисро ба кор қабул карданӣ мешавем, аввалин ҳуҷҷате, ки талаб мекунем ин доғи судӣ доштан ё надоштанаш аст. Доғи судиро бардоштан чӣ қадар мушкил аст ва чӣ қадар вақтро талаб мекунад. Дар ин масъала Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрияшон бо фаъолони вилояти Хатлон моҳи феврали соли равон низ эрод гирифта буданд. Набояд барои 100-200 сомонӣ ё як ҷиноятҳои ночиз ҷавононро ба маҳкама кашем. Мо бояд онҳоро тарбия кунем”, - гуфт раиси вилоят.
Қурбон Ҳакимзода аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят хоҳиш кард, ки дар ин самт корбарӣ кунанд ва ин эродҳоро ба назар бигиранд.
Ҳамчунин Қурбон Ҳакимзода илова кард, ки баъди эродҳои Эмомалӣ Раҳмон сатҳи ҷинояткорӣ дар вилоят беш аз 700 ҳолат кам шудааст.
Як сол пеш Сулаймони хурдсол сӯзандоруи Zolgensma гирифт. Ҳоло ӯ чӣ ҳол дорад?
Трамп: “Амалиёт алайҳи Эронро Исроил роҳбарӣ хоҳад кард”. Пизишкиён: “Думболи бомби ҳастаӣ нестем, аммо иззат мехоҳем”
Ҳизби ҳоким соҳиби бинои нав шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
БОР: Интиқоли маблағ касри савдои хориҷии зиёдшудаи Тоҷикистонро ҷуброн кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2025
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста