Дар пайи тағйироти кадрии навбатӣ, як қатор роҳбарони зерсохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Оҷонсии омор аз вазифа озод ва ба ҷои онҳо роҳбарони нав таъин гардиданд.
Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо қарорҳои ҳукумати кишвар Тоҳир Каримзода аз вазифаи сардори Хадамоти муҳоҷират, Дӯстмурод Муродзода аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Бобохон Баротзода аз вазифаи директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, сабаби аз вазифа озод гардидани Тоҳир Каримзода ва Дӯстмурод Муродзода гузаштан ба кори дигар гуфта шуда, Бобохон Баротзода ба нафақа гусел карда шуд.
Ҳамин тариқ, бо қарорҳои дигари ҳукумат, Абдураҳмон Ашурализода директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Сафаралӣ Маҳмадзода сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва Иматшо Нодирзода сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Бо қарорҳои дигари ҳукумат, Саидалӣ Сиддиқ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори АМИТ «Ховар» озод, ба ҷои ӯ Субҳиддин Шамсиддинзода, ки то ин замон муовинии якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ фаъолият дошт, роҳбари нави АМИТ “Ховар” таъин гардид.
Ҳамчунин, Қиёмиддин Давлатзода аз вазифаи муовини директори Оҷонсии Агентии омори Тоҷикистон барканор ва муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.
Шаҳлобону Нӯъмон бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» озод карда гардидааст.
Ҳамчунин, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон фармон додааст, ки аз 1 то 14-уми феврали соли 2023 интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо гузаронида шавад.
Ёдовар мешавем, ки тайи се ҳафтаи охир дар ҳайати ҳукумати кишвар ва сохторҳои дигари давлатӣ тағйиротҳои кадрӣ идома дорад ва ба иттилои манбаъҳои "Азия-Плюс", чунин тағйиротҳо ҳоло идома хоҳад ёфт.
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста