Имрӯз, 31-уми майи соли 2023, дар пайи як тағйироти кадрӣ, ду муовини вазири корҳои хориҷӣ, сафирони Тоҷикистон дар чанд давлатҳо ва роҳбари Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф аз вазифа озод ва нафарони нав ба вазифаҳо таъин гардиданд.
Ба иттилои хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумати кишвар, Музафар Ҳусейнзода ва Шараф Шерализода, ду муовини вазири корҳои хорҷии Тоҷикистон аз вазифа озод ва бо фармони дигар, Музафар Ҳусейнзода сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Шараф Шерализода сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария таъин гардидаанд.
Айни ҳол маълум нест, ки ба ҷои ду муовини вазири корҳои хориҷӣ, ки сафир шуданд, киҳо таъин гардидаанд.
Ҳамчунин, Икром Субҳонзода, ки то ин лаҳза директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Тоҷикистон буд аз вазифа озод гардида, ба ҷои ӯ Муҳаммадтоир Саидзода таъин гардид. Саидзода то ин замон директори “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор” буд.
То ҳол маълум нест, ки Субҳонзода ба чӣ вазифае таъин шудаастт. Ӯ то замони роҳбари Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф, раиси Оҷонсии ҳавонавардии кишвар буд.
Ҳамин тариқ, бо фармонҳои дигар як қатор сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои алоҳида бо сабаби гузаштан ба кори дигар ва ё баромадан ба нафақа аз вазифа озод гардиданд:
- Маҳмадшариф Ҳақдод, аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Беларус, ҳамзамон дар Эстония, Латвия, Литва, Финляндия ва намояндаи доимӣ ва ваколатдори Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари ИДМ, бо сабаби баромадан ба нафақа, аз вазифа озод карда шуд;

- Эркинхон Раҳматуллозода аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, ҳамзамон дар Шоҳигарии Нидерландия, Ҳертсогии Бузурги Люксембург, намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ ё НАТО), бо сабаби баромадан ба нафақа, озод гардид;
- Юсуф Шарифзода, бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея озод шуд;
- Ҷамшед Ҳомидов, бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, ҳамзамон намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева, намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони байналмилалии сайёҳии СММ дар Шоҳигарии Испания озод гардид;
- Фаррух Шарифзода, бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Туркманистон озод шуд;
Ҳамзамон чанд нафар сафирони нави Тоҷикистон дар давлатҳои алоҳида аз ҳисоби ду мувоин ва як сардори ВКХ таъин шуданд:
- Бахтовар Сафарзода, сафири Тоҷикистон дар Беларус таъин гардид. Ӯ қаблан муовини котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатхои аъзои ИДМ - намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарламентии давлатхои аъзои ИДМ буд;

- Музафар Ҳусейнзода, сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия таъин шуд;
- Салоҳиддин Киром, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея таъин гардид;
- Шараф Шерализода, сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария таъин шуд;
- Вафо Ниятбекзода, сафири Тоҷикистон дар Туркманистон таъин гардид.
Ҷанҷол бо милисаҳо дар Лакат. 4 нафар равонаи зиндон ва 2 каси дигар шартан аз озодӣ маҳрум шудаанд-манбаъ
Медали ҳафтуми Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ
Боздошти 8 нафар барои воридоти “мошинҳои куҳна” ба Тоҷикистон
Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика ба се олим тақдим шуд
Дар ду рӯз дар Тоҷикистон ду заминларза рух дод
Ба "облава" афтодед? Метавонед ба ниҳодҳои марбута шикоят кунед!
Ҷоизаи махсуси филми “Дов” дар ҷашнвораи байналмиллалии “Марворидҳои Роҳи абрешим”
“Ба далели набуди ҳукумати эътирофшуда дар Кобул”. Сафорати Афғонистон дар Ҳиндустон баста шуд
Муҳоҷират дар Қазоқистон. Нуқтаҳои савдои “меросӣ”-и тоҷикон дар Бозори сабзи Алмато
Сарвазири Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста