Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамлаи ҳаросафкан дар толори консертии “Крокус Сити Холл” дар Маскавро нангин ва мудҳиш хонда, аз падару модарон даъват кард, ки ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, то онҳоро аз чунин аъмол ҳифз кунанд ва номи миллати тоҷикро бадном накунанд.
Ӯ шоми дирӯз, 25-уми март зимни суханронӣ дар корвони наврӯзии «Корвони шодӣ» дар майдони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе гуфт, ҷавонони тоҷикро бояд аз таъсири гурӯҳу созмонҳои ҳаросафкан ҳифз кард.
“Такроран таъкид менамоям, ки мо бояд наврасону ҷавононро аз таъсири чунин гурӯҳу ҳаракатҳои харобкору даҳшатафкан эмин нигоҳ дорем ва нагузорем, ки фарзандони мо ба номи неки миллати тоҷик, давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва падару модари худ иснод оваранд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ин бештар дар робита ба ҳодисаи Крокус Сити Холл суҳбат накард.
Ҳодисаи мудҳиш хондани ҳамлаи ҳаросафкан дар Москав аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки ӯ дар гузашта ҳам ин ҳодисаро маҳкум карда дар суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, президенти Русия гуфта буд, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”.
Дар ин ҳамлаи террористӣ ба иттилои расмӣ 139 нафар ҳалок шуда, беш аз 200 нафар маҷруҳ шуданд.
Бояд гуфт, ки рӯзи 23-юми март Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия аз боздошти 11 нафар бо иттиҳоми анҷоми ҳамлаи террористӣ хабар дод.
Аз ин шумор, ба гуфтаи тафтишот, чаҳор нафар - Далерҷон Мирзоев, Саидакрами Раҷабализода, Муҳаммадсобир Файзов ва Шамсиддин Фаридунӣ - бевосита айбдоршавандагон ба ҳамлаи террористӣ гумонбар дониста мешаванд. Онҳо шоми 24-уми март ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд. Дар бораи кӣ будани 7 гумонбарони дигар хабар дода нашуда буд.
Дар ҳамин ҳол, дирӯз, 25-уми март боз 3 нафари дигари ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд, ки ба гуфтаи тафтишот ба гумонбарони асосии ҳамлаи ҳаросафкан кӯмак карданд. Ҳоло табааи ин афрод маълум нест, вале онҳо падару ду писар буда, бо ишор ба ному насаби тоҷикиашон эҳтимол онҳо низ зодагони Тоҷикистон бошанд.
Пас аз хабарҳои эҳтимолияти даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаи террористӣ дар бахши русии шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаҳо ва шарҳҳо бо даъвати ихроҷи кулли тоҷикон аз Русия, пеш кардани онҳо аз кор ва худдорӣ аз сафар дар таксӣ бо ронандагони тоҷик оғоз ёфт.
Аммо баъдан шахсиятҳои маъруф ва блогерон ба худдорӣ даъват карданд ва ёдовар шуданд, ки терроризм миллат надорад.
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста