Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафар ба вилояти Суғд корхонаи нави “Сайри Суғд”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзоҷон Умаров сохта шудааст, ба истифода дод.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои сохтмони корхона 23 млн сомонӣ сармоягузорӣ шудааст. Сохтмони корхона моҳи январи соли ҷорӣ оғоз ёфта, дар он бозичаҳои кӯдакона ва мотороллерҳои барқӣ истеҳсол карда мешаванд. Ҳаҷми истеҳсолот дар як моҳ 250 мотороллери барқӣ ва 20 ҳазор бозичаҳои кӯдаконаро ташкил медиҳад.
Дар ҳолати кунунӣ 60 нафар дар ду басти корӣ фаъолият дошта, тибқи нақша дар ояндаи наздик шумораи коргарон то ба 150 нафар расонида хоҳад шуд. Дар корхона технологияи зарурӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин насб шудааст.
Ғайр аз ин, сарвари давлат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении "Технологияи полимерӣ" оғоз бахшид.
Корхона бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Саидхоҷа Зикриёхуҷаев бунёд шуда, барои муҷаҳҳазсозии он зиёда аз 20 млн сомонӣ сарф шудааст. Он аз соли 2009 ба фаъолият оғоз намуда, вале ва ба хотири ба талаботи бозор маҳсулот истеҳсол намудан ва содирот кардани он ба хориҷ, тасмими навсозии корхона рӯи даст гирифта шуд.
Ҳамчунин дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон аз фестивали асалу картошка ва анор боздид намуд. Дар фестивал беҳтарин намунаҳои маҳсулоти кишоварзии минтақа ба маърази тамошо гузошта шуданд. Президент афзоиши оилаҳои занбӯри асалро дар вилоят зикр кард, ки то 1 ноябри соли равон 578 оила зиёд карда шуда, ба 80 ҳазору 525 оила расонида шудааст.
Ҳамчунин ба масъалаи комёбиҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ба туфайли истифодаи самараноки усулҳои агротехникӣ, дар вилояти Суғд зиёда аз 640 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст, ки 105 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст.
Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
“Метро созанд, баъд зан мегирам...”. Вокуниши сокинон ба хабари сохтмони метро дар Душанбе
Афзоиши маблағи ҷарима барои қоидавайронкунии роҳу нақлиёт. Барои кадом қонуншиканӣ чӣ қадар зиёд шуд?
Ҳалокати 4 кас ва тақрибан 10 млн сомонӣ зарар. Хисороти сӯхторҳо дар Суғд дар соли гузашта
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста