Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли равон гумрукчиёни ҷумҳурӣ ҳудуди 70 ҳодисаи воридоти ғайриқонунии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистонро ошкор сохтаанд.
Муовини сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Неъмат Раҳматов дар ҷамъи рӯзноманигорон дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки дар ин давра аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 2,5 млн. литр маводи сӯзишворӣ мусодира карда шудааст, ки аз ин миқдор 1 млн. 487 ҳазор литрашро сӯзишвории дизелӣ, 876 ҳазор литрашро – бензин ва 134 ҳазор литрашро равғанҳои молиданӣ ташкил медиҳанд.
«Дар қаламрави вилояти Суғд – 65, ноҳияи Турсунзода – 1 ва дар қаламрави вилояти Хатлон низ 1 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маҳсулоти нафтӣ ошкор гардиданд», - гуфт вай.
Н.Раҳматов мегӯяд, дар зарфи 6 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 255,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки 131,3 ҳазор тоннаашро бензин ташкил медиҳад.
Номбурда таъкид сохт, ки аз миқдори умумӣ 84%-и маводи сӯзишворӣ аз Русия, 13% аз Туркманистон ва 3% аз Қазоқистон ворид шудааст. «Соли гузашта ба Тоҷикистон аз Туркманистон маҳсулоти нафтӣ ворид нагардида буд», - афзуд Н.Раҳматов.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста