Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров зимни нишасти матбуотӣ изҳор кард, ки ахири моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Маскав ҷаласаи ҳайати мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия доир мегардад.
Ба қавли ӯ, дар ҷаласа баррасии масоили ҳамкории мутақобилаи ҷонибҳо дар бахши ҷустуҷӯ ва боздошти ҷинояткорон, баргузории амалиёти муштарак оид ба пешгирии қочоқи маводи мухаддир тавассути роҳи оҳан ва ҳавопаймоҳо ва роҳандозии механизми назорат аз болои муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар назар аст.
«Дар нимсоаи аввали соли равон зимни баргузории амалиётҳои муштарак кормандони милисаи Русия 44 нафар шахсонеро, ки дар Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноёти гуногун мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, боздошт ва ба Тоҷикистон супурданд», - мегӯяд А.Қаҳҳоров.
Дар идома вазири корҳои дохилӣ таъкид кард, ки дар зарфи шаш моҳи соли равон дар натиҷаи баргузории ду амалиёти муштараки кормандони мақомоти милисаи Русияву Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 12 кило маводи саххтаъсири героини афғонӣ мусодира гардид.
Интизориҳои ҷомеа аз Носир Саид ва хотираҳо аз Нуриддин Саид. Онҳо кистанду чӣ корнома доранд?
Дар Бохтар озмоишгоҳи замонавии “Агро олам”, ки таркиби хокро меомӯзад, ба кор оғоз кард
Ҳабибулло Воҳидзода, ки ҳамчун додситони кулли нави Тоҷикистон пешниҳод шуд, кист?
Чӣ тавр дар шароити хона занбӯруғ парвариш мекунанд?
Панҷ гузариши гаронтарин. Футболбозони тоҷикро бо чанд пул хариданд?
Шаш соли ҳабси як сокини Хуҷанд барои "паҳни наворҳои хусусияти ифротидошта"
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Амири шаробхор ва зоҳид”
Дар Қазоқистон чанд шаҳрванди Тоҷикистонро аз сардӣ наҷот додаанд
НАВШУДА. Бег Сабур ва Шералӣ Мирзо аз вазифа озод шуданд. Номзадии Юсуф Раҳмон барои барканорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд
Ҳашари якҷояи сокинони ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста