Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ афроди гумонбар ба қатли корманди нуқтаи мубодилаи асъор дар шаҳри Истаравшан муайян карда шуданд.
Ахири моҳи августи соли равон корманди яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъор Шӯҳрат Ҷалолови 36-сола бо ҳамсараш дар манзили зисташон ба қатл расонида шуданд.
Тавре аз РКД-и вилояти Суғд хабар доданд, дар ноҳияи Истаравшан шахсони номаълум шабона ба манзили зисти корманди нуқтаи мубодилаи асъор Шӯҳрат Ҷалолови 36-сола ворид мегарданд.
Дар саҳни ҳавлии хона тавассути зарбаҳои корд ӯ ва сипас ҳамсари Ҷалоловро, ки аз шунидани доду фарёд ба саҳни ҳавлӣ мебарояд, ба қатл мерасонанд ва 7 ҳазор доллари ИМА ва 28 ҳазор сомонӣ маблағи пулиро бо худ мебаранд. «Аз ҷароҳатҳои бардошта Ҷалолов ва ҳамсараш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буданд», - гуфтанд дар раёсат.
Аз рӯйи ин далел мақомоти додситонии шаҳри Истаравшан мутобиқи моддаи «Одамкушӣ-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, дар ҷараёни тафтишот шахсони ба ин ҷиноят дастдошта муайян карда шуданд. Яке аз гумонбаршудагон корманди нуқтаи мубодилаи асъори шаҳри Истаравшан, М.О.-и 36 сола будааст, ки рӯзи 23-юми август даст ба худкушӣ зад. Ҳамроҳи ӯ - Ф.М.-и 31 сола боздошт шуда, ҳамчунин далелҳои шайъӣ ва асбоби қатл низ гирифта шудаанд.
Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, соли равон дар қаламрави вилоят 30 далели куштор ба қайд гирифта шудааст.
Ҳизби аграрӣ ҳам барои омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ анҷуман баргузор мекунад
Кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Раиси вилояти Суғд гуфт, тафтиши ҳодисаҳо “таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат” аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Мунозираи муъмину кофир”
Тоҷикистон воридоти ғалладонаро аз Қазоқистон зиёд кард: зиёда аз 1 млн тонна дар 10 моҳ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2024
Аз Боми ҷаҳон то мансабҳои баландпояи Тоҷикистон. Нигоҳе ба корномаи яке аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ Моёншо Назаршоев
Қамчибек Тошиев гуфт, ҷузъёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро дар моҳи январ ошкор мекунанд
Дар Истаравшан аз рӯи далели то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаи ҷиноятӣ боз шуд
Тартиби гирифтани талоқ чӣ гуна мегузарад ва маблағи боҷи давлатӣ барои пешниҳоди ариза чанд аст?
Директори Лигаи футболи Тоҷикистон иваз шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста