Ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба макони баргузории тамринҳои низомии муштараки зиддитеррористии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай «Рисолати сулҳовар-2012» – машқгоҳи Чоруқдаррони вилояти Суғд ҳозир шуданд. Ёдрас мекунем, ки ин тамринҳо аз 8 то 14-уми июн доир мегарданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Ҳавзаи низомии марказӣ, чанде қабл иштирокчиёни тамринҳо вазъи омодагии ҳайати шахсӣ ва техникаро аз назар гузарониданд. Ҳайати фармондеҳии Ҳавзаи низомии марказӣ сарулибоси сарбозону афсарон, таъминоти онҳо бо ғизо, ҳолати аслиҳаву муҳимот ва мошинҳои ҷангиро санҷид.
«Дар ҷараёни сафар ба макони баргузории тамринҳои низомӣ беш аз 350 нафар сарбозону афсарони русиягӣ дар зиёда аз 50 адад техникаи ҳарбӣ ду ағаби пурбарфи кӯҳии «Анзоб» ва «Шаҳристон»-ро паси сар намуданд, - гуфт манбаъ. – Пас аз ҳозир шудан ба нуқтаи таъинот сарбозону афсарон ба иҷрои вазифаҳои омӯзишиву ҷангӣ дар доираи баргузории тамринҳои низомии муштараки зиддитеррористии кишварҳои узви СҲШ «Рисолати сулҳовар-2012» идома медиҳанд».



Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста