Вазъ дар шаҳри Хоруғ ором буда, мораторияи оташбас то соати 12-и рӯзи 27-уми июл дароз карда шуд. Дар ин бора хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Хоруғ хабар дод. Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки моратория то ахири ҳамин рӯз амал мекунад.
Ба гуфтаи хабарнигори ОИ «Азия-Плюс», ҳукуматдорон чун пешина таслимшавии гумонбаршудагон дар қатли генерал Абдулло Назаров ва супурдани аслиҳа аз ҷониби аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонуниро талаб доранд.
Ҳамчунин ҳукуматдрон тақозо доранд, ки то шоми имрӯз сангарҳое, ки дар як қатор маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ ва даромадгоҳ ба маркази маъмурии ВМКБ сохта шудаанд, бардошта шаванд.
Ҷангиён ва аксари сокинони шаҳр ба супурдани гунаҳкорон ба ҳукумат розианд, вале танҳо пас аз аз хориҷ кардани нерӯҳои низомӣ, бозпас хондани нишонзанҳо (снайперҳо) аз мавзеъҳои гуногуни шаҳр ва кӯҳи атрофи шаҳри Хоруғ.
Хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» узви комиссияи ҷамъиятиест, ки рӯзи 25-уми июл барои ошкор кардани шумори ҳалокшудагон миёни аҳолии осоишта таъсис дода шуд.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷараёни амалиёт 12 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва 30 нафар ҷангиёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳалок ва боз 40 нафар аъзои дастаҳои ғайриқонунӣ боздошт шудаанд. Миёни аҳолӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои ғайрирасмӣ, шумори ҳалокшудагон миёни аҳолии осоиштаи шаҳри Хоруғ аз 20 то 30 нафарро ташкил медиҳад.
Хабарнигор ҳамчунин хабар дод, ки шахсони номаълум аз дасти аҳолӣ телефонҳои моҳвораиро мегиранд, ки ягона воситаи иртибот бо Хоруғ аст. Муайян кардани шахсияти ин афрод ва бо кадом мақсад аз дасти аҳолӣ гирифтани телефонҳои моҳвораӣ муяссар нашуд, зеро алоқа бо хабарнигор қатъ гардид.
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Файзи Олӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудааст
Як вакили рус дар поинравии қурби рубл муҳоҷиронро айбдор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузд ва аммомаи бузург”
Дар Суғд алайҳи як ҷавон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парванда боз кардаанд
Боздошти як зан бо гумони латукӯби бераҳмонаи кӯдаки 2-сола
Обуҳавои моҳи аввали зимистон дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста