Радиои «Озодӣ» хабар медиҳад, ки як манбаи наздик ба ҳукумати Бадахшон дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, ба гурӯҳҳои мусаллаҳ фурсат дода шуд, ки то нимаи рӯзи шанбе силоҳҳои худро ба замин гузоранд. То ин муҳлат намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ бояд аслиҳаи худро супурда, таслим шаванд.
Ба иттилои манбаъ, вазъ ба сурати умумӣ дар Хоруғ ором аст ва гаштугузори мардум дар хиёбонҳо ҳангоми рӯз бештар шудааст. Мағозаҳо боз буда, субҳи имрӯз терминали Хоруғ ба кор шурӯъ кард ва аз истгоҳи нақлиёти инҷо мусофирон ба тарафи Душанбе ҳаракат карданд. Зикр мегардад, ки зиндагӣ то андозае ба маҷрои маъмулӣ медарояд.
Қаблан як манбаъ аз ВКД ҶТ хабар дода буд, ки имрӯз то соати 12-и рӯз намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ мебоист аслиҳаи худро ба кормандони Раёсати умури дохилии Бадахшон месупориданд, вале дар ҷойи пешакӣ таъингардида ҳозир нашудаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар шабакаи интернет ҳарчи бештар аксу наворҳои видеоӣ аз рӯйдодҳои ахири Хоруғ пайдо мешаванд. Чанде пеш акси бинои мактаб-интернати оташгирифта гузошта шуда буд. Имрӯз хабаргузории Рейтер аксеро аз маросими ба хок супурдани ҳалокшудагон зимни амалиёти низомӣ манзур кардааст.

Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2025
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Роҳҳо баста ва дар ҳаракат маҳдудият ҷорӣ мешавад. Суғд ба ташрифи Мирзиёев ва Жапаров омода мешавад
Ҳукумат беш аз 230 ҳазор сомонӣ қарзи як корхонаро бахшид
Азсаргирии ҳамлаи Исроил ба Ғазза: Теъдоди ҷонбохтагон аз 50 ҳазор зиёд ва роҳбарони калидии ҲАМОС кушта шуд
Шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул номзад ба курсии президенти Туркия шуд
Талаби ҳукумат аз муҳоҷирон: Нафақа мехоҳед, андоз супоред!
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста