Шурӯъ аз соли 2000-ум Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ афсарону сарбозони эҳтиётиро ба тамринҳои омӯзишиву методӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар даъват мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар даҳаи сеюми моҳи август чунин як тамрин дар ноҳияи Дарвози ВМКБ баргузор шуда, он ба ҳеҷ ваҷҳ ба амалиёти низомии нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ ҷиҳати халъи силоҳ аз гурӯҳҳои ҷиноятпеша рабте надорад.
Ӯ таъкид кард, ки нимаи аввали соли равон дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон низ барои афсарону сарбозони эҳтиётӣ тамринҳо доир гардида буданд.
«Мувофиқи нақшаи Вазорати мудофиа, сар аз соли 2002 даъвати раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо ба ин тамринҳо оғоз гардид», - зикр кард Ф.Маҳмадалиев.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа изҳор кард, ки намояндагони як қатор васоити ахбори умум бидуни фарқ гузоштан миёни масъалаи ҷалби афсарону сарбозони эҳтиётӣ ба тамринҳои омӯзишиву методӣ ва масъалаи сафарбаркунии умумӣ, дар ҷомеа вазъи ногувору ташвишовареро ба миён меоранд.
«Дар Тоҷикистон ба сафарбаркунии умумии афсарону сарбозони эҳтиётӣ ҳеҷ зарурате мавҷуд нест, зеро дар кишвар фахои сулҳу субот ҳукмфармо аст», - афзуд Ф.Маҳмадалиев.
Зиндагӣ дар гӯристон. Саргузашти ду хоҳароне, ки зани дуюм шуданд, вале рӯзи хушеро надиданд
Чӣ тавр дар Тоҷикистон маркази забономӯзии Oxford фаъол шуд?
Парвози аввалини ҳавопаймо дар масири Душанбе – Кӯлоб ва баръакс дар замони истиқлол анҷом ёфт
Аз “Шабакаҳои тақсимоти барқ” то “Тоҷикаэронавигатсия”. Кумитаи андоз андозсупорони беҳтаринро эълон кард
Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдориро дархост кард
“Озод ва сабук кунед”. Ду талаби вакилони муттаҳамон ба парвандаи “табаддулоти давлатӣ”
Ҳамла ба “Крокус”. Роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, 27 нафар гумонбаранд
Аз лиҳози суръати интернети ноқилӣ Тоҷикистон дар мақоми 121-ум қарор дорад
“Аҳмади Иброҳим ва дигар рӯзноманигоронро озод кунед”. Талаби ду созмони дифоъ аз рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон
"Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст..." Оё Тоҷикистон то соли 2027 ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста