Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расман тасдиқ менамояд, ки дар Қирғизистон собиқ кормандони Шуъбаи вазорат дар ноҳияи Мурғоб Асалбек Боронов ва Маҳкам Лашкаров боздошт шудаанд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, «Асалбек Боронов ва Маҳкам Лашкаров бинобар сабаби бо гурӯҳҳои ҷиноятии дар шаҳри Хоруғ буда, алоқамандӣ доштан, ҳанӯз чанд муддат пештар, яъне 20-уми октябр аз мақомоти корҳои дохилӣ озод гардида буданд».
Ёдрас мекунем, ки зимни сафари хизматӣ ба ВМКБ ҳафтаи гузашта вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов бо ҳайати шахсии вазорат дар вилоят ҷаласа баргузор карда, ду нафар кормандони ШВКД дар ноҳияи Мурғоб, ваколатдори оперативии шӯъбачаи кофтукови ҷиноӣ, капитани милиса Асалбек Боронбоев ва сарваколатдори шӯъбачаи кофтукови ҷиноӣ подполковники милитсия Маҳкам Лашкаровро аз вазифаҳояшон дар мақомоти корҳои дохилӣ озод кард.
Инчунин вобаста ба натиҷаҳои пасти фаъолияти хизматӣ ва беэътиноӣ зоҳир намудан ба масъулияти базиммадошта, 7 нафар кормандони ШВКД дар шаҳри Хоруғ аз вазифа озод ва нисбати 5 нафари дигар танбеҳ эълон карда шуд.
ОИ «24.kg» бо истинод ба маркази матбуоти Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон хабар дода буд, ки дар яке аз посгоҳҳои ин кишвар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду нафар кормандони мақомоти кофтукови ҷиноии Тоҷикистонро боздошт намуда, аз автомашинаи онҳо 6 кило маводи мухаддири героин дарёфт намудаанд. Баъдтар маълум шудааст, ин ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кормандони амалкунандаи кофтукови ҷиноии шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мурғоби ВМКБ будаанд.
Қосим Бекмуҳаммад: "Душанбеву Бишкек ҳалли мушкили марзиро бидуни дахолати ҷониби сеюм афзал донистанд ва ба муваффақият ноил шуданд"
Исроил бомбборони Ғаззаро аз сар гирифт. Расонаҳо аз куштори садҳо нафар хабар медиҳанд
Сарбозони тоҷик дар гузашти низомии 80-солагии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Роҳандозии реҷаи онлайни табодули маълумот дар бораи ҷинояткорон байни Русия ва Тоҷикистон
“Танҳо як рӯз”. Дар ҷашни Наврӯз сокинон бо барқ таъмин хоҳанд буд?
Баҳодур Усмонови тоҷик мағлубнашуда боқӣ мемонад: ин дафъа муштзани ӯзбекро шикаст дод
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз натиҷаҳои музокирот бо Русия қаноатмандем”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 марти соли 2025
Душанбе ба пешвози Наврӯз чӣ гуна омода мешавад?
Ҳалокати як кас дар пайи сӯхтори пойгоҳи сӯзишворӣ дар Спитамен
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста