Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт, аз номи Бахши ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду дидбонгоҳи сарҳадиро таҳвил дод. Дар ин маросими расмӣ Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Шерали Мирзо ширкат варзид.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар наздикии маҳаллаҳои Рибхоз ва Сайёди Вилояти Хатлон сохта шуда истиқоматгоҳи аскарон, ошхона,утоқҳои маъмурӣ, истиқоматгоҳи афсарон, иншоотҳои техникӣ ва сагхонаҳоро дарбар мегиранд.
Дидбонгоҳҳои мазкур омодагии марзбонони минтақаро ҷиҳати ҳифзи марзҳои ҷанубии кишвар аз қочокчиёни маводи мухаддир ва таҳдидҳои дигар ба амниятро тақвият медиҳанд.
Сафир Эллиотт иброз дошт: «Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи касбӣ ва содиқи низоми амнияти Тоҷикистон мебошанд. Ман ифтихор дорам, ки муборизаи шуҷоатноки марзбононро зидди қочоқи маводи мухаддир ва баҳри таҳкими марзҳои худ дастгирӣ мекунам».
Сафир афзуд, ки сохтмони дидбонгоҳхои сарҳадӣ иқтидори марзбонии Ҳукумати Тоҷикистонро таври назаррас тақвият медиҳад ва ба таҳким додани фаъолияти марзбонони минтақа низ кӯмак мерасонад.
Ин инъоми Шӯъбаи ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасони Сафорати ИМА мебошад, ки ба қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пешкаш гардидааст. Аз соли 1992 мардуми Амрико барои барномаҳои кӯмакдиҳандаи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ниҳодҳои демократӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон беш аз як миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.




Даргузашти Султонмуроди Одина, шоир ва нависандаи тоҷик дар 75-солагӣ
Фармони афзоиши маошу нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд. Акнун кӣ чӣ қадар мегирад?
Теъдоди нафақагирон дар соли гузашта беш аз 40 ҳазор афзудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 5
Қариб ним миллиард доллар гардиши мол. Эрон ба панҷгонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон шомил шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 январи соли 2026
Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?
Ҳушдори ҳавошиносон аз се рӯзи ҳавои сард ва барфу борон дар Тоҷикистон
Роҳи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ таъмир мешавад, вале ҳоло замони оғози бозсозӣ маълум нест
Боздошти як сокини 19-солаи Кӯлоб дар пайванд ба куштаву захмӣ шудани размикори тоҷик ва ду ҳамроҳаш
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста