Маълумоти пахшшуда дар чанде аз ВАО оид ба дахлнопазирии ҳайати шахсии пойгоҳи низомии Русия ва аҳли оилаи онҳо начандон ба бандҳои созишномаи аввали моҳи октябр баимзорасида миёни Тоҷикистону Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон мувофиқат мекунад.
Дар ин робита сухангӯи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки дахлнопазирии ҳайати шахсии пойгоҳи низомӣ ва аҳли оилаи онҳо дар назди қонунгузории Тоҷикистон танҳо дар қаламрави мутааллиқ ба пойгоҳ амал мекунад ва дар сурати содир шудани қонуншиканӣ аз ҷониби онҳо дар ин қаламрав, онҳо мутобиқи қонунгузории Русия ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
«Агар ҳайати шахсии пойгоҳи низомӣ ва аъзои оилаи онҳо берун аз ҳудуди қаламрави пойгоҳ ба қонуншиканӣ даст зананд, онҳо мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ҷавоб хоҳанд гуфт», - таъкид кард сухангӯи Вазорати мудофиаи ҶТ.
Дар робита ба гуфтаҳои дабири кулли СААД Николай Бордюжа оид ба дахолат надоштани низомиёни Русия дар низоъҳои дохилии Тоҷикистон, номбурда иброз дошт, ки дарвоқеъ воҳидҳои низомии пойгоҳ танҳо дар сурати таҳдид аз хориҷи кишвар метавонанд истифода шаванд. «Айни замон Тоҷикистон барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба бетартибиҳои оммавӣ дар дохили кишвар аз нерӯву воситаи кофӣ бархӯрдор аст», - афзуд номбурда.
“Баҳси раводид ҳал шуд”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон пурра лағв гардид?
CPJ Тоҷикистонро барои саркӯби рӯзноманигорон танқид кард
Ҳалокати 5 кас дар пайи офтаҳои табии соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон
Истеҳсолкунандаи 10 дарсад барқи Тоҷикистон. Аз мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Сангтӯда-1” 17 сол пур шуд
Кор дар Литва. Киҳо метавонанд муроҷиат кунанд ва маош чӣ қадар аст?
“Тафсир”: Бозгашт ба “рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Баъд аз 5-уми феврал барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад?
Парвози нахустини хатсайри Душанбе-Панҷакент-Душанбе боз ба таъхир афтод
Боздошти як ҷавони 22-сола барои пахш кардани корманди БДА
Оташбас дар Ғазза. ҲАМОС 3 гаравгон ва Исроил 90 зиндонии фаластиниро озод карданд
UFC: Пирӯзии Муин Ғафуров бар размикори ҷопонӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста