Пас аз як рӯйдод дар марзи Қирғизистону Ӯзбекистон, ҳукуматдорони қирғиз ҷиҳати озод намудани як гурӯҳи афроде гуфтушунид доранд, ки дар анклави ӯзбекистонии Сух гаравгон гирифта шудаанд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти намояндагии ҳукумати Ботканди Қирғизистон, то ҳол озодии 17 нафар кӯдакону занон муяссар гардида,беш аз 20 нафар мардон то ҳанӯз дар асоратанд.
Чанде қабл агентии қирғизии «АКИпресс» иттилоъ дод, ки як гурӯҳи сершумори сокинони деҳаи ӯзбекии Ҳушёри анклави Сух дар қаламрави Қирғизистон ба марзбонони қирғиз ҳамла оварда, аслиҳаи онҳоро гирифтанӣ шудаанд. Он замон марзбонон ба насби симчӯбҳои хати интиқоли барқ ба посгоҳи марзӣ машғул будаанд. Агентӣ менависад, эҳтимол меравад, ки сокинони анклав як гурӯҳи афрод, аз ҷумла занону кӯдаконро гаравгон гирифтаанд.
Бино ба иттилои Лента.ру, ҳамлагарон ду автомашинаро оташ зада, як автобуси мусофирбарро хароб ва мусофирони онро гаравгон гирифтаанд. Дар бораи мақсади шаҳрвандони Ӯзбекистон ишорае нест. Хадамоти матбуоти нерӯҳои марзбонии Қирғизистон аз шарҳи масъала худдорӣ кардааст.
«Раиси вилояти Ботканд Женишбек Раззоқов оид ба озод намудани 22 нафар қирғизҳо аз қаламрави анклави ӯзбекистонии Сух гуфтушунид дорад. Дар натиҷаи гуфтушуниди шаби 7-уми январ 14 нафар занону кӯдакон аз гарав озод шуда, вазъи онҳо қангоатманд арзёбӣ мешавад», - - менависад хадамоти матбуот.
Бино ба маълумоти РИА «Новости» бо истинод ба ВАО-и Қирғизистон, дар мавзеи рӯйдод гурӯҳи сершумори наздикони гаравгонон гирдиҳам омада, фавран озод намудани онҳоро талаб доранд. Вазъ таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон қарор дорад.
Дар прокуратураи вилояти Ботканд нисбат ба шаҳрвандони Ӯзбекистон аз рӯи далели ҳамла ба хизматчиёни низомӣ ва гаравгонгирӣ ду парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Файзи Олӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудааст
Як вакили рус дар поинравии қурби рубл муҳоҷиронро айбдор кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста