Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар бемористони ноҳияи Одинсовои вилояти Маскави Русия шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Мӯъминобод Ҷумъахон Азизов ба ҳалокат расид.
Бино ба маълумоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, ӯ аз оташкушоии кормандони пулиси ин ноҳия ба автомашинаи тоҷикон ҷароҳати марговар бардоштааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни боздиди корманди намояндагӣ аз ШКД-и ноҳияи Одинсово маълум шудааст, ки шаби 11 ба 12-уми январи соли равон зимни ҳаракат бо автомашина дар қаламрави ноҳия, ки дар дохили он панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштаанд, онҳо ба талаботи кормандони пулис оид ба манъи воситаи нақлиёт итоат накарда, кормандони пулис ба сӯи автомашинаи онҳо оташ кушодаанд. «Дар натиҷа Ҷумъахон Азизов ҷароҳати марговар бардошта, ба ҳалокат расидааст ва аз рӯи ин ҳодиса тафтишот ҷараён дорад», - иттилоъ медиҳад намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия, аз рӯи ин далел кормандони пулис ҳамчунин боз чор нафар шаҳрвандони дигари Тоҷикистон – Шуҳрат Шарифов, Саидшоҳи Шоҳвалӣ, Аҳмадхони Хайраҳмад ва А.Ҷабборовро низ боздошт намудаанд.
«Таҳқиқи ҳодисаи мазкурро сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев таҳти назорат қарор дод», - гуфта мешавад дар иттилои сафорат.
Дар бораи ин ҳодиса ҳанӯз ба Сафорат аз ҷониби мақомоти расмии кишвари иқомат иттилои расмии хаттӣ ворид нашуда, бино ба таъкиди он ҷониб, рӯзҳои наздик тафсили мавзӯъ ба Сафорат пешниҳод карда хоҳад шуд.




Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста