Чор нафар пешвоёни ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз пойгоҳи маълумотномаи афроди мавриди ҷустуҷӯи Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) хориҷ карда шуданд. То ҳодисаҳои маълуми Хоруғ дар моҳи июли соли гузашта онҳо ба ин феҳрист шомил буданд.

Дар сомонаи расмии Интерпол зикр гардида буд, ки чор нафар пешвоёни ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Айёмбеков, Ёдгоршо Мамадасламов ва ҳатто марҳум Имомназар Имомназаров ба пойгоҳи афроди мавриди пайгард қарордоштаи Интерпол шомил буда, аксҳои онҳо дар сомона гузошта шуда буд.

Онҳо барои содир намудани ҷиноёти зарар ба саломативу ҳаёт, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, истисмори шаҳвонӣ, дуздӣ ва дигар ҷиноёти вазнин мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифта, аммо аз кадом сана эълон шудани ҷустуҷӯи онҳо баён нашуда буд.

Ёдрас мекунем, ки чор нафар пешвоёни дар боло зикршудаи Бадахшонро Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба қочоқи маводи мухаддиру сангҳои қиматбаҳо, хариду фурӯши одамон, ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, ба гаравгон гирифтан ва саркашӣ аз баргардонидани бонкҳои қарзӣ муттаҳам карда буд.

Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи Интерпол аксҳои 16 нафар афроди бедаракшуда ва 152 нафар шаҳрвандони аз ҷониби Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои гуногун мавриди пайгард эълоншуда ҷой дода шудаанд. Санаи 5-уми октябри соли 2004 Тоҷикистон ба узвияти Интерпол пазируфта шуда буд.