Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор намуд, ки ҳодисаи қатли язнаи президенти кишвар, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафарови 57-сола хусусияти фармоишӣ дошт.

Зимни нишасти хабарӣ ҳангоми посух ба ҷой доштани хусусиятҳои коррупсионӣ дар ҷинояти мазкур Ф.Саидов таъкид кард, ки ҳамчун собиқ корманди фаврӣ ин ақидаи шахсии ӯст.

Ба қавли вай, хешовандони Сафаров дар кони тилои Шугнов роҳбарӣ дошта, ҳодисаҳои дуздиву қаллобиро дар он ҷо пешгирӣ ва чанде аз чунин коргаронро аз кор холӣ кардаанд.

«Холмӯъмин Сафаров аз поквиҷдониву софдилии худ осеб дид. Ҷинояткорон ӯро барои қасос ҳадаф интихоб карданд», - иброз дошт Саидов.

Ёдрас мекунем, ки 18-уми январи соли равон Суди олии Тоҷикистон Диловаршо Қосимов, гумонбар ба қатли Холмӯъмин Сафаровро ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Парванда махфӣ унвон шуда, мурофиа пушти дарҳои пӯшида дар боздоштгоҳи тафтишотии Вазорати адлияи ҶТ баргузор шуд.

Диловаршо Қосимов мутобиқи тамоми моддаҳои пешниҳодшуда – куштор, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа ва серзанӣ гунаҳкор эътироф гардид. Шуҳрат Қудратов, ҳимоятгари Д.Қосимов хабар дода буд, ки зерҳимояи ӯ худро танҳо дар серзанӣ гунаҳкор эътироф намуда, таъкид кардааст, ки ӯ дар содир намудани ин ҷиноят даст надорад.

Ба қавли адвокат, ояндаи наздик ӯ аз болои ин ҳукм ба зинаи болоӣ шикоят хоҳад бурд.

Ёдрас мекунем, ки шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли равон каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.