Тайи ҳафтаи сипаришуда Раёсати КДАМ дар ВМКБ аз се ҳодисаи убури ғайриқонунии марз бо Афғонистон ҷилавгирӣ намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, дар мавзеи Ёмҷи ноҳияи Шуғнон кормандони раёсат дар ҳамдастӣ бо марзбонон кӯшиши убури марз аз ҷониби қочоқбарони афғонро пешгирӣ намуда, дар ҷараёни муқовимати мусаллаҳона як қочоқбари афғон кушта ва аз ҷойи ҳодиса автомати Калашников, 530 грамм маводи мухаддири героин ва 1,5 кило ҳашиш дарёфт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни як амалиёти дигар дар посгоҳи марзии Шидз чор нафар қочоқбарон – се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва як нафар шаҳрванди Афғонистон дастгир шудаанд, ки тавассути қочоқ 6,5 ҳазор қутти сигарети тамғаи Pine-ро ба Тоҷикистон ворид карданӣ будаанд.
Зимнан зикр гардид, ки марзбонони афғон зимни як амалиёт дар наздикии деҳаи Нишуст се нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт намудаанд. «Дар асоси созишномаи давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон, шаҳрвандони боздоштшудаи тоҷик ба ихтиёри кормандони Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ супурда шуданд», - афзуд сарчашмаи хабар.
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Раёсати маорифи Душанбе аз волидайн хост, ки кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
Додихудо Шарифзода, собиқ муовини “Авангард” боздошт шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста