Имрӯз суди шаҳри Бориспол дархости прокуратура дар бораи ҳабси муваққатии собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷоновро баррасӣ мекунад. Дар ин бора ба агентии «Интерфакс» хадамоти матбуоти прокуратураи вилояти Киев хабар додааст.
Собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов шоми 6-уми феврал дар фурудгоҳи «Бориспол» боздошт шуд.
Пас аз ворид шудан ба қаламрави Украина А.Абдуллоҷонов ба намояндагони ҳукумат ҷиҳати гирифтани мақоми гуреза ё таъмини ҳифзи байнулмилалӣ муроҷиат накардааст. Ин нуктаро зимни вохӯрӣ бо намояндагони матбуот муовини аввали роҳбари Хадамоти давлатии муҳоҷирати Русия Виктор Шейбут ва намояндаи минтақавии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон дар Белорус, Молдова ва Украина Олдрих Андрисек тасдиқ намудаанд.
Дар посух ба саволи рӯзноманигор Олдрих Андрисек зикр кардааст, ки ҳатто дар сурати дар мавриди ҷустуҷӯи Интерпол қарор доштан, шахс метавонад таъмини ҳифзи байнулмилалиро талаб намуда, мақоми гурезаро соҳиб шавад.
«Агар касе дар рӯйхати Интерпол пайдо шавад, ин ҳанӯз маънои онро надорад, ки ӯ гунаҳкор аст. Мутаассифона, дар рӯйхати Интерпол баъзан рақибони сиёсӣ низ пайдо мешаванд. Дар Оинномаи ин ташкилот дақиқан зикр шудааст, ки Интерпол наметавонад ба хотири даст ёфтан ба ҳадафҳои сиёсӣ истифода гардад», - иброз доштааст Андрисек.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
"Аз ҳама бештар аз кори додрасҳо шикоят мегирем". Интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз кори додрасҳои тоҷик
Рӯзҳои истироҳатӣ дар Душанбе барфи аввал меборад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста