Субҳи рӯзи 9-уми март дар натиҷаи ҳамлаи шахси номаълум дар назди истгоҳи метрои «Теплый стан»- и шаҳри Москва 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд.
Тавре аз котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, кормандони Намояндагӣ муайян кардаанд, ки инҳо муҳоҷирони меҳнатӣ Назришо Шерови 29-сола ва Жоғараков Ҷӯрабеки 38-сола, зодагони н.Ванҷ, Некқадамов Манучеҳри 25-сола, зодаи н. Шуғнон, Ғафуров Мустафои 21-сола ва Мисқолов Рустами 25-сола, зодагонии ш.Норак буда, шахсияти нафари дигар муайян карда мешавад.
«Кормандони Намояндагӣ то ин дам аз вазъи саломатии 4 нафар, ки ба онҳо дар беморхонаҳои №7 ва №64 шаҳрӣ аллакай ёрии аввалияи тиббӣ расонида шудааст, хабардор шуданд», - гуфт вай.
Ба иттилои манбаъ, вазъи саломатии онҳо хуб буда, зимни сӯҳбат яке аз ҷабрдидагон Мустафо Ғафуров ба корманди Намояндагӣ гуфтааст, ки шахси номаълум бо истифода аз олоти худсози бурандаи хурд ҳангоми ба истгоҳи метро ворид шудан ба онҳо зарба задааст. Захми расида ба ҳаёти ӯ хатар надорад. Ду нафари дигар дар беморхонаи ба номи Склифасовскии шаҳри Москва қарор дорад.
Зимнан зикр гардид, ки осебдидагон дар корхонаи сохтмонии «ЧРИА-Гора», воқеъ дар хоҷагии «Коммунарка»-и наздикии ш. Москва ба сифати бинокор фаъолият доштаанд.
Аз рӯи ҳодиса аз ҷониби ШКД ноҳияи Ясенево парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Нишони зоҳиру ботин”
“Зада, миёнамро маъиб карданд”. Қиссаи муҳоҷирони тоҷики аз Русия ихроҷшуда
"Равшан" аз Ҳиндустон бо як имтиёз бармегардад
“Султони ишқу шаҳриёри шеър”. Ёде аз Шаҳриёр, шоири форсизабон, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводор дорад
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасон маълум шуд
“Биёед чароғҳоро дубора фурӯзон кунем”. Чӣ яғнобиҳоро водор мекунад ба мулки падарии худ баргарданд?
Боздошти як ҷавон бо гумони куштори хоҳараш бо 9 зарби корд
Ҷабҳаи муқовимат ҳушдор додааст, ки ДОИШ қасди ҳамла ба сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Кобулро дорад
Таҳкими озодии баён ва дифоъ аз журналистон. 25 соли роҳи пур аз шебу фарози АМВАОМТ
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дониши бесамар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста