Дар сафари чанде қабл доиргардидаи котиби генералии Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) Роналд Кеннет Ноубл ба Тоҷикистон ба масъалаи таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Интерпол , баррасии масъалаҳои таъмини амният, мубориза бо терроризм, таҳкими марзҳо ҷиҳати пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон дар меҳвари барномаи сафари роҳбари ин созмон ба Душанбе қарор доштанд.
«Мақомоти интизомии Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддии марбут ба фаъолияти гурӯҳҳои фаромиллии нашъаҷаллоб мувоҷеҳанд, ки аз қитъаҳои начандон таҳти дидбонӣ қарордошта истифода мекунанд ва мушкили дигар дар он аст, ки Тоҷикистон кишвари таъминкунандаи ҷабрдидагон аз хариду фурӯши одамон буда, аксаран онҳоро ба танфурӯшиву меҳнати маҷбурӣ водор мекунанд», - зикр мегардад дар сомонаи Интерпол.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо шарикони байнулмилалӣ ҷиҳати тақвияти мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм кӯшиш ба харҷ медиҳад.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста