Тамоми айбҳои аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбати собиқ вазири саноати ҷумҳурӣ Зайд Саидов пешниҳодшуда дар суд исбот хоҳанд шуд. Ин нуктаро зимни нишасти хабарӣ роҳбари Агентӣ Фаттоҳ Саидов изҳор кард.
Ба гуфтаи ӯ, замони дар мансаби вазири саноати Тоҷикистон қарор доштан З.Саидов як тарзи хеле «шавқовар»-и хусусигардонии иншооти вазорати тобеъашро таҳия намудааст.
«Бо ин тарз З.Саидов 15 иншооти Вазорати саноатро хусусӣ гардонидааст, нахуст онро ба шиносҳову ҳамсоягон ва хешовандони дур ва сипас баъди аз мансаби вазирӣ рафтан ба ҳамсарону кӯдакони худ номнавис кардааст. Шахсоне, ки нахуст ҳамчун моликони иншооти мазкур зикр мешуданд, имрӯз изҳор медоранд, ки ба онҳо ҳеҷ муносибате надоранд», - таъкид кард Ф.Саидов.
Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки танҳо зимни сохтмони бинои баландтарини пойтахт – «Душанбе-Плаза», ки арзиши лоиҳавиаш ҳудуди 189 млн. сомониро ташкил медиҳад, Зайд Саидов тавассути изофанависӣ ҳудуди 38 млн. сомониро азхуд намудааст.
Роҳбари Агентӣ ба журналистон намунаи паркети дар иншооти «Душанбе-Плаза» истифодашударо нишон дод.
«Чӣ хеле ки мебинед, дар ҳақиқат ҳам З.Саидов ба ҷойи паркети ороишӣ аз чӯб паркет аз картонро истифода карда, паркети арзишаш 30 доллари ИМА барои як метри мураббаъро 266 доллари ИМА барои 1 метри мураббаъ ҳуҷҷатгузорӣ намудааст», - иброз дошт Саидов.
Дар робита ба айби пешниҳодшуда нисбати З.Саидов оид ба далели таҷрвуз ба номуси духтари 14-сола, роҳбари Агентӣ зикр кард, ки дар ин парванда баёноти табибоне мавҷуд аст, ки дар амали исқоти ҳамли ҷабрдида ҳузур доштаанд.
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста