Имрӯз дар шаҳри Душанбе фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Артиши Покистон Ашфақ Парвиз Каёнӣ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ Рамил Нодиров мулоқот анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои низомӣ, низомиву техникӣ, омодасозии кадрҳо ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.

«Мансабдорони воломақоми низомии Тоҷикистону Покистон ҳамчунин атрофи масоили марбут ба вазъ дар минтақаву Афғонистон, мубориза бо терроризм ва роҳандозии табодули маълумот дар ин самт табодули назар намуданд», - гуфт Маҳмадалиев.

Ба гуфтаи ӯ, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди артиши Покситон ҳамчунин аз Донишкадаи низомии Тоҷикиситон боздид карда, бо сарбозону афсарони як қатор қисмҳои низомӣ мулоқот анҷом хоҳад дод.

Интизорӣ меравад, ки пагоҳ, 30-юми август генерали покистониро сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур хоҳад пазируфт.