Аз 25 то 28 сентябри соли ҷорӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҳайати Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии муовини аввали раиси ХДНМН Ғуломҷон Анарбаев ташриф меоваранд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, мақсади ташриф — шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти Агентӣ, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо байни ду мақомот дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, мубодилаи таҷриба дар муқовимат бо ҷиноятҳои мухаддиротӣ ва инчунин иштирок дар ҷаласаи навбатии коршиносони АҚТ.
Ба иттилои манбаъ, дар барномаи ташрифи меҳмонон инчунин гузаронидани вохӯриҳои дуҷониба, аз он ҷумла бо Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р.Назаров ба нақша гирифта шудааст.Меҳмонон бо фаъолияти як қатор раёсатҳои АНМН низ шиносоӣ пайдо мекунанд.
Зимнан зикр мегардад, ки намояндагони ХДНМН ба маркази кинологӣ, ки дар он ҷо Маркази миллии бозомӯзии кормандони ҳифзи ҳуқуқ сохта шудааст, ташриф оварда, оид ба фаъолияти хизматии ин марказ аз наздик ошно мешаванд.




“Хокаи ангишт ба ҷойи ангишт”. Шикояти сокинони Суғд аз гароншавии нархи ангишт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2025
Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард
Эмомалӣ Раҳмон қонуни мақоми омӯзгорро имзо кард. Акнун шаъну шарафи омӯзгор ҳифз мешавад?
Зиёратгаҳи риндони ҷаҳон. Чашмандоз ба рӯзгору осори дилангези Ҳофизи Шерозӣ ва оромгоҳаш дар Эрон
Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷопон. Имзои қариб 20 санади нав ва даъват аз ширкатҳои ҷопонӣ барои азхудкунии конҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак
Тоҷикистону Қазоқистон ният доранд, гардиши молу маҳсулотро то ба $2 млрд расонанд
Ҳушдори ҳавошиносон: Се рӯзи оянда дар кишвар борону барфи пуршиддат меборад
Аввалин тоҷики фотеҳи қуллаи “Исмоили Сомонӣ”. Маҳмурод Ашӯров чаро Назирбибиро меҷӯяд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста