Хариду фурӯш ва истифодаи силоҳи ғайринизомӣ ва қисмҳои асосии он дар қаламрави Тоҷикистон муваққтан боздошта мешавад.

Дар фармони президенти Тоҷикистон «Дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ оид ба танзими гардиши силоҳи ғайринизомӣ ва қисмҳои асосии он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки имрӯз дар сомонаи расмии ВКД ҶТ интишор шудааст, зикр мегардад, ки «истеҳсол, сохтан, хариду фуруш, интиқол, соҳиб шудан, ба дигар шахсе додан, нигоҳ, доштан, бо худ гирифта гаштан, истифода бурдан ва ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани силоҳи ғайринизомии намудҳои таппонча, револверҳо бо патронҳои чароҳатрасон, газӣ ва пневматикӣ муваққатан то 31-уми декабри соли 2013 боздошта шавад».

Дар фармон қайд мешавад, ки ин тадбир бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳҳои ғайринизомӣ андешида мешавад.

Ба ҳукумати ҷумҳурӣ супориш дода шудааст, ки ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба амалисозии муқаррароти Фармони мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

Мақомоти расмӣ зарурати андешидани чунин тадбирҳоро алҳол шарҳ намедиҳанд, вале нозирон аз эҳтимол дур намедонанд, ки қабули чунин санад ба маъракаи интихоботии қарибулвуқӯъи президентӣ (6-уми ноябр) дар ҷумҳурӣ марбут аст.