Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ посбонгоҳи нави «Боғдорӣ»-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар доданд, сохтмони посбонгоҳ моҳи сентябри соли 2011 бо дастгирии молиявии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» оғоз гардида, ҳаҷми корҳои сохтмонӣ беш аз 5 млн. сомониро ташкил дод. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ «Маскан»-и шаҳри Исфара ба иҷро расонида шуданд.
«Иншоот бо назардошти меъёрҳои муосир бунёд гардида, аз бинои маъмурӣ, манзили зисту будубоши сарбозону афсарон, биноҳои хоҷагидорӣ, дегхона, майдони варзишӣ ва қароргоҳи нигоҳдории сагҳои хизматӣ иборат аст», - гуфт манбаъ.
Гуфта мешавад, бо мақсади таъмини марзбонон бо сабзавоту меваи тару тоза барои ташкили хоҷагии ёрирасон 1,5 гектар қитъаи замин ҷудо карда шудааст.
«Дар маросими ифтитоҳи посбонгоҳи нав сардори Ситоди кулли Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Шараф Файзуллоев, сардори Раёсати нерӯҳои марзбонӣ дар вилояти Суғд Ҳикматулло Пираков, муовини раиси вилояти Суғд Мӯбинҷон Қаюмов, раиси шаҳри Исфара Раҳмоналӣ Амиров ва аҳли ҷомеа ҳузур доштанд», - афзуд сарчашмаи хабар.
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста