Бо мақсади бо таҷҳизоти муҳандисӣ таъмин намудани марзи давлатӣ, Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар масофаи беш аз 16 километру 340 метри марзи давлатӣ бо Тоҷикистону Қирғизистон панҷараҳо насб намуд.
Бино ба маълумоти Хадамоти давлатии марзбонӣ ва ВАО-и Қирғизистон, қад-қади марзи давлатӣ хандақҳо кофта шуданд, ки масофаи умумиашон зиёда аз 8 километрро ташкил медиҳад.
Зикр мегардад, ки имрӯз низ корҳои бо таҷҳизоти муҳандисӣ таъмин кардани марзи давлатии Қирғизистон идома дорад. «Барои ҳифзи пурсамаи марз ва мушоҳидаву назорати визуалии он посгоҳҳо гузошта хоҳанд шуд, ки ба таъмини ҳимоя ва назорати ҳудуди 500 километри марзи байни Қирғизистон бо Тоҷикистону Ӯзбекистон имкон медиҳанд», - хабар дода мешавад дар иттилоъ.
Гуфта мешавад, посгоҳҳои мушоҳидаву назорат дар қисматҳои бештар имконпазири ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои убури ғайриқонунии марзи давлатӣ гузошта шуда, онҳо бо тамоми таҷҳизоту дастгоҳи муосири мушоҳидаи визуалӣ таъмин карда хоҳанд шуд.
Ҳамчунин бо мақсади тақвияти посбонӣ ва ҳимояи марзи давлатии Қирғизистон, мубориза бо ҳодисаҳои коррупсионӣ дар гузаргоҳҳои назоратии марз низоми мушоҳидаи видеоии муҷаҳҳаз бо технологияи такмилёфта ва имкони дастрасӣ аз масофаи хеле дур ба камераҳои видеоӣ низ насб карда мешавад.
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Раёсати маорифи Душанбе аз волидайн хост, ки кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
Додихудо Шарифзода, собиқ муовини “Авангард” боздошт шудааст
5 технологияи дастраси офтобӣ, ки арзишашон камтар аз $300 аст
Тоҷикистон пешниҳоди Русияро ҷиҳати сохтмони неругоҳи барқи ҳастаӣ меомӯзад
Файзалӣ Идизода кист ва чаро маҳз ӯ раиси парлумон шуд?
9 моҳи таваққуфгоҳҳои музднок: натиҷаҳо ва саволҳои беохир
Дар Тоҷикистон барномаи омодасозии омӯзгорони забони кореягӣ роҳандозӣ шуд
Рӯзҳои ҷашни Наврӯз обуҳавои Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста